МАЪРӮЗАИ МАХСУСИ СААД ДАР БОРАИ ҚИРҒИЗИСТОН
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вазъияти Ҷумҳурии Қирғизистонро муттасил таҳти назорат қарор додааст. Дар изҳороти созмон гуфта мешавад, ки бетартибиҳо дар шаҳрҳои гуногуни Қирғизистон се рӯз боз давом доранд. Дар ҷараёни онҳо теъдоди зиёди одамон куштаю маҷрӯҳ гардиданд. Дар мамлакат 8 апрел Ҳукумати муваққатӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин фаъолияти парлумони ҷумҳурӣ қатъ карда шудааст. Ҳукумати муваққатӣ тамоми вазифаю ваколатҳои Президент ва Ҳукумати пештараи мамлакатро ба зиммаи худ гирифтааст. Котиби матбуоти созмон Виталий Струговетс зикр намуд, ки муовини Муншии умумии СААД Валерий Семериков барои омӯхтани вазъият фавран ба Бишкек рафт. Вай баъди шиносоӣ бо вазъияти Қирғизистон барои Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон маърӯза пешниҳод менамояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






