МЕ&#1202НАТИ ФИДОКОРОНА ВА &#1178А&#1202РАМОНИИ ТО&#1206ИКОН ДАР СОЛ&#1202ОИ &#1206АНГИ БУЗУРГИ ВАТА

Апрель 9, 2010 11:19

Маскав,  9 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). —  8  апрел  дар  Китобхонаи  давлатии  шаҳри  Маскав  дар  доираи  Конфронси  байналмилалии  бахшида ба  65 – солагии  ғалаба  дар  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ ва  ба охир  расидани  Ҷанги  дуюми  ҷаҳон  дар  мавзӯи  «Ғалаба бар  фашизм  ва  аҳамияти он барои  халқҳои  ИДМ ва  ҷаҳон»  маҳфилҳои гуногун  баргузор гардиданд. Дар  ин  маҳфилҳо  намояндагони   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  низ  ширкат  варзиданд. Аз  ҷумла, академики  Академияи  илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  доктори  илми  таърих  Раҳим  Масов  дар  маърӯзаи  худ  роҷеъ ба  меҳнати  фидокоронаи  тоҷикон  дар  солҳои  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ сухан  ронд. Олими  дигари тоҷик,  номзади  илми  таърих,  дотсент Абдулло  Ғафуров  дар  бораи  фаъолияти  шифохонаҳои  ҳарбии  солҳои  ҷанг  дар  Тоҷикистон  кушодашуда,  тадбирҳои  ҳукумати  ҷумҳурӣ  дар  бораи  таъминоти  моддию  маънавии  онҳо, кӯмаки  аҳолӣ  ба   шифохонаҳои  ҳарбӣ, инчунин  бевосита  ба  аскарони  сурхи  маҷрӯҳшуда  ва  ғайра  нақл  кард. Қайд  карда  шуд, ки  солҳои  ҷанг  дар  Тоҷикистон  29  шифохонаи  ҳарбӣ  фаъолият  дошт ва дар онҳо  зиёда  аз 28  ҳазор  аскару  афсар  табобат  карда шуд. Доктори илми  таърих  Виктор  Дубовитский  таваҷҷӯҳи  иштирокчиёни  конфронсро   ба  далелҳо  ва рақамҳои  сершумори  ҳамкории   аҳолии  маҳаллӣ бо  марзбонон  ҷалб  намуд.  Вай  мисол  овард, ки   фасли  зимистони  солҳои  1942 – 1943  сокинони Ишкошим хизматчиёни  ҳарбии  посгоҳи «Баршор» — ро  аз гуруснагии  марговар  наҷот   дода буданд. Аҳолии  маҳаллӣ,  хусусан  бачагон бо пайраҳаҳои  душворгузари  кӯҳистон бо  навбат  барои  хизматчиёни  ҳарбӣ 2 – 3  килограммӣ орд  бурда,  онҳоро  аз  гуруснагӣ  наҷот  доданд. Соли  1943   чор нафар  бачагоне, ки ба  марзбонон  кӯмак  расонида буданд,  бо  медалҳо  мукофотонида шуданд.  

Апрель 9, 2010 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд