МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО САФИРИ БЕЛГИЯ
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 12 апрел бо сафири давлати шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон Даниел Бертран мулоқот кард. Зимни сӯҳбат масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Белгия, таъмини амнияти сарҳадҳо ва вазъияти Афғонистон муҳокима карда шуданд. Д.Бертран дар оғози сӯҳбат аз номи ҳукумати мамлакаташ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии тадбирҳои барқарор сохтани сулҳу субот дар Афғонистон изҳори сипос намуд. Ҳ.Зарифӣ аҳамияти барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистонро бо роҳи амалӣ сохтани барномаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва кашидани хатҳои интиқоли барқ таъкид намуд. Мусоҳибон инчунин масъалаҳои марбут ба ҳамкории давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, транзити мол барои Афғонистон ва проблемаҳои дигари байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқот муовини вазири корҳои хориҷӣ Озода Раҳмонова иштирок намуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






