НАМОИШИ ҲУНАРИ ХАТТОТӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Апрель 7, 2010 16:20

Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо ташаббуси Сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод намоиши асарҳои хаттот Мирзомуҳиддин Ҳақбердиев ташкил карда шуд. Дар он зиёда аз 30 номгӯи ҳунари хаттотии ӯ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки ин аввалин намоиши асарҳои хаттот дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бори аввал Мирзомуҳиддин Ҳақбердиев бо маҳсули дастранҷи худ дар намоишгоҳи байналмиллалӣ дар шаҳри Теҳрон иштирок намуда, якчанд асарҳои хаттотии ӯ аз ҷониби комиссияи масъул харидорӣ шудаанд. М. Ҳақбердиев  дар чандин масчидҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳунари хушнависии худро дар шифту деворҳо нишон додааст.  Аз ҷумла, дар кушодашавии пули 672 метра дар Панҷи поён байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бо иштироки Президенти кишвар соли 2007 сурат гирифта буд, хаттот маҳсули ҳунари худро  дар шакли шиор тасвир кардааст. Ҳамчунин, М. Ҳақбердиев аъзои Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон буда, муаллифи як қатор китобҳо мебошад.  

Апрель 7, 2010 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд