ОЛИМИ МАЪРУФИ ТОҶИК БАРАНДАИ ҶОИЗАИ ИДМ ГАРДИД

Апрель 9, 2010 10:00

Маскав,  9 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). — Имрӯз  дар  Маскав  бори  аввал  дар таърихи Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил  маросими  супоридани  ҷоизаи   байнидавлатии  «Ситораҳои  Иттиҳод»  баргузор  мегардад. Аз  ҷумла олими  маъруфи  ситорашиноси  Тоҷикистон  Пӯлод  Бобоҷонов  низ   дар  бахши  «Илм ва  маориф»  ба  ин  ҷоиза сазовор  дониста шуд. Котиби  матбуоти  Бунёди  байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарии  давлатҳои  ИДМ Александр  Калугин  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  ҷоизаи байнидавлатии  «Ситораҳои  Иттиҳод»  ҳар  сол  дар  се  бахш  — барои  дастовардҳои  калон  дар  соҳаи   илму  маориф,  фарҳангу ҳунар ва  фаъолияти  гуманитарӣ  супорида  мешавад. Имсол  ҷоизаи  махсус  барои  асарҳои  беҳтарини  бахшида ба   солгарди  ғалаба дар  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  ба   оҳангсоз Давид  Тухманов   барои   мусиқии  суруди «Рӯзи  ғалаба»  дода  хоҳад  шуд.  Дар  асари  мазкур   саҳми  умумии  халқҳои  шӯравӣ  ва  ИДМ  дар таъмини  ғалаба  бар  фашизм   равшану  возеҳ  нишон  дода шудааст. Ҷоизаи  «Ситораҳои  Иттиҳод»  дар  бахши фаъолияти  гуманитарӣ  барои  рушди  санъати  мусиқӣ  ва  таълифи   асарҳое, ки ба  вусъати  ҳусни  тафоҳуми   халқҳои  Иттиҳод  мусоидат  менамоянд,  ба  оҳангсоз  Александра  Пахмутова   ва  шоир  Николай  Добронравов  дода  мешавад. Дар  байни  барандагони  ҷоиза  намояндагони  мамлакатҳои  дигари  ИДМ  низ  ҳастанд. Ҷоизаи  байнидавлатии  «Ситораҳои  Иттиҳод»  соли  2008  таъсис  дода шуд. Ба барандагони он  диплом,   нишони  ифтихорӣ,  шаҳодатнома  ва  2  миллион   рубли  Русия  мукофот  дода  мешавад.

Апрель 9, 2010 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст