ОЛИМИ МАЪРУФИ ТОҶИК БАРАНДАИ ҶОИЗАИ ИДМ ГАРДИД
Маскав, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар Маскав бори аввал дар таърихи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маросими супоридани ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» баргузор мегардад. Аз ҷумла олими маъруфи ситорашиноси Тоҷикистон Пӯлод Бобоҷонов низ дар бахши «Илм ва маориф» ба ин ҷоиза сазовор дониста шуд. Котиби матбуоти Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ Александр Калугин ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» ҳар сол дар се бахш — барои дастовардҳои калон дар соҳаи илму маориф, фарҳангу ҳунар ва фаъолияти гуманитарӣ супорида мешавад. Имсол ҷоизаи махсус барои асарҳои беҳтарини бахшида ба солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба оҳангсоз Давид Тухманов барои мусиқии суруди «Рӯзи ғалаба» дода хоҳад шуд. Дар асари мазкур саҳми умумии халқҳои шӯравӣ ва ИДМ дар таъмини ғалаба бар фашизм равшану возеҳ нишон дода шудааст. Ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» дар бахши фаъолияти гуманитарӣ барои рушди санъати мусиқӣ ва таълифи асарҳое, ки ба вусъати ҳусни тафоҳуми халқҳои Иттиҳод мусоидат менамоянд, ба оҳангсоз Александра Пахмутова ва шоир Николай Добронравов дода мешавад. Дар байни барандагони ҷоиза намояндагони мамлакатҳои дигари ИДМ низ ҳастанд. Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» соли 2008 таъсис дода шуд. Ба барандагони он диплом, нишони ифтихорӣ, шаҳодатнома ва 2 миллион рубли Русия мукофот дода мешавад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






