«ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ» ВА МУШКИЛОТИ ТЕХНИКӢ
Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Лазат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар корхонаҳои кишоварзӣ аз 2888 тракторҳои шудгоркунада 1833 – то ё 63 фоизи онҳо омодаи коранд. Аммо тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, ин нишондиҳанда дар корхонаҳои кишоварзии ноҳияҳо боз ҳам камтар аст. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон 61 фоизи тракторҳои шудгоркунанда, ноҳияи Роғун – 29, Файзобод – 41, Ваҳдат — 42, Турсунзода – 45, Шаҳринав -49 ва дар ноҳияи Тоҷикобод 57 фоизи тракторҳо мавриди истифода мебошанд. Корхонаи воҳиди давлатии «Агролизинг», ки баҳри кӯмаки хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) таъсис дода шудааст, дар давоми моҳҳои январ – марти соли ҷорӣ 13 адад трактор, 24 адад испор ва 4 адад комбайн ба ҷумҳурӣ ворид сохтааст, ки бо ин мушкилоти техникӣ доштаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-ро ҳал кардан ба гумон аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






