«ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ» ВА МУШКИЛОТИ ТЕХНИКӢ

Апрель 30, 2010 09:06

Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Лазат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар корхонаҳои кишоварзӣ аз 2888 тракторҳои шудгоркунада 1833 – то ё 63 фоизи онҳо омодаи коранд. Аммо тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, ин нишондиҳанда дар корхонаҳои кишоварзии ноҳияҳо боз ҳам камтар аст. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон 61 фоизи тракторҳои шудгоркунанда, ноҳияи     Роғун – 29, Файзобод – 41, Ваҳдат — 42,  Турсунзода – 45, Шаҳринав -49 ва дар ноҳияи Тоҷикобод 57 фоизи тракторҳо мавриди истифода мебошанд. Корхонаи воҳиди давлатии «Агролизинг», ки  баҳри кӯмаки хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) таъсис дода шудааст, дар давоми моҳҳои январ – марти соли ҷорӣ 13 адад трактор, 24 адад испор ва 4 адад комбайн ба ҷумҳурӣ ворид сохтааст, ки  бо ин мушкилоти техникӣ доштаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-ро ҳал кардан ба гумон аст.  

Апрель 30, 2010 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд