1 601 ДАЛЕЛИ ДУЗДӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Май 5, 2010 16:35

Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). –  Ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз ҷониби шаҳрванд Бахтиёр Чилаев, соли таваллудаш 1985, сокини кӯчаи Аҳмади Дониш, савдогари мағозаи «Галина» воқеъ дар кӯчаи Адҳамов ариза ворид гардид, ки 21 феврали соли равон шахсони номаълум бо тариқи шикастани кулфи дар вориди мағозаи номбурда шуда аз он ҷо маводи хӯрока ва беш аз 6 ҳазор сомониро дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, вобаста ба далели мазкур корҳои ҷустуҷӯӣ идома доштанд. Аз ҷониби кормандони бахши кофтуковӣ ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур шаҳрвандон Евгений Тарасов, соли таваллудаш 1985, қаблан бо моддаи 244 КҶ ҶТ доғи суди дорад, Станислав Ляпустин, соли таваллудаш 1973, пеш бо моддаи 89, 244 КҶ ҶТ доғи судӣ дорад, дастгир карда шуданд. Онҳо ба содир намудани ҷинояти худ иқрор гаштанд. Айни замон нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Бояд қайд намуд, ки дар давоми се моҳи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ 1 ҳазору 601 далели дуздӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ин 1 ҳазору 312 далел ошкор карда шудааст.       

Май 5, 2010 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд