196 АССОТСИАТСИЯҲОИ ОБИСТИФОДАБАРӢ
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, дар сартосари кишвар 196 адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об созмон дода шудааст. Ассотсиатсияҳои созмонёфта, ба зиёда аз 200 ҳазор гектар замини хоҷагиҳо хизматрасонии обро таъмин менамоянд. Ба ин ассотсиатсияҳо идораҳои давлатии хоҷагии об кӯмаки методӣ мерасонанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, тибқи Низомнома оид ба пешбурди сиёсат дар соҳаи об, муташаккилона гузаронидани мавсими обрасонии ҳосили соли 2010, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, аз худ намудани заминҳои нави обёришаванда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад,- иброз доштанд дар Вазорати мелиортсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






