БОРОНИ ШАДИД ДАР КӮЛОБ

Май 7, 2010 10:39

Душанбе,  7 май. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих ). —   Шаби  7  май  дар  ҳудуди  ноҳияҳои  Темурмалик, Мӯъминобод  ва  шаҳри  Кӯлоб  борони шадид борид.  Дар натиҷа  сел ва  ярч  фуромада,  замини  бисёр  хоҷагиҳоро  зер  кард.  Аз  ҷумла, бар  асари боришҳои тӯлонӣ  дар  шаҳри  Кӯлоб  100 хона  зери об монд,  се  кӯдак  ҳалок  шуд.  Дар  деҳаи Деҳи  баланди  ноҳияи  Мӯъминобод  як  хона  пурра  ва хонаи дигар  қисман  валангор  шуд. Дар  деҳаи  Балхобӣ бештар  аз 15  хона осеб  дид. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки барои бартараф  сохтани  оқибати  фалокат  ситоди  Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулодда  ташкил  карда шуд.

Май 7, 2010 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд