ДАР ҚИСТАҚӮЗ ЗИЁДА АЗ 10 КГ ҲАШИШ ДАРЁФТ КАРДАНД
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳангоми гузарондани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ, дар ҳудуди ҷамоати Қистақӯз, шаҳрванд Амирҷон Ваҳобов, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ҷамоати Қистақӯзи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд дастгир гардид. Тибқи иттилои корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ маводи нашъадори навъи ҳашиш, ки вазнаш 10 кг 624 гр ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Бояд қайд намуд, ки дар давоми се моҳи соли равон аз ҷониби кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ 379 далели муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор карда шудааст. Аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 1 тонна маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






