ИЗҲОРОТИ МАХСУСИ СЖ МАТ: КЎЛОБ ТАНҲО НЕСТ!

Май 11, 2010 16:53

Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — «Созмони журналистии Медиа- Алянси Тоҷикистон, бо таваҷҷўҳ ба миқёси офатҳои табиӣ, ки дар рўзҳои охир дар шаҳри Кўлоб ва ноҳияҳои гирду атрофи он сар заду дар натиҷаи обхезӣ ва сел даҳҳо нафар ба ҳалокат расидаву ҳазорон хонаводаҳо бесарпаноҳ монданд, аз он ҷумла ҳамкасбони мо низ, тасмим гирифт, ки дар расонидани кўмак бо аҳолии зарардида мусоидат намояд», дар ин бора дар изҳороти махсуси Созмони журналистии Медиа- Алянси Тоҷикистон қайд карда шудааст.   «Мо чунин мешуморем, ки мо ва тамоми мардуми кишвар бояд ҳамраъйии худро бо сокинони минтақаҳои зарардида зоҳир намоем. Собит созем, ки мо миллати ягона ҳастем ва қодирем то алайҳи зарбаи тақдир якҷоя истодагарӣ намоем», гуфта шудааст дар изҳорот. «Кўлоб  бояд эҳсос накунад, ки бо мушкили хеш тани танҳо мондааст. Мебояд то ҳамеша дар нисбати ҳар як минтақаи Тоҷикистон, ки гирифтори мушкил ва офат мегардад, чунин тасмим гирифта шавад.  Мо аз тамоми журналистони кишвар, намояндагони созмонҳои журналистӣ ва хайрхоҳон даъват ба амал меоварем, ки ба ин иқдоми башардўстонаи мо зери унвони «Кўлоб танҳо нест» бипайванданд ва ба зарардидагони шаҳри Кўлобу ноҳияҳои гирду атрофи он ёрӣ расонанд. Сухан дар навбати аввал дар бораи аҳолии камбизоат меравад, яъне занону мўйсафедон ва кўдакон, ки ба кўмак эҳтиёҷ доранду ин даврони мушкили ҳаёти худро бояд паси сар кунанд», қайд шудааст дар изҳорот.  Аъзоёни Созмон  хоҳиш мекунанд, ки мардуми кишвар ин иқдоми онҳоро дастгирӣ кунанд. «Ёрие, ки Шумо мерасонед, ба шаҳри Кўлоб, инчунин ноҳияҳои Восеъ, Мўъминобод ва Ғончӣ, ки дар қисмати шимоли кишвар воқеъ асту онҷо ҳам сел омада, чанд нафар ба ҳалоакт расид, фиристода мешавад. Аз 12 -уми май то 12-уми июн дар дафтари Созмони журналистии Медиа- Алянси Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ -16, ошёнаи 2-юм (Маҷмааи  газету журналҳо) Ситоди қабули ёрӣ ба зарардидагони ноҳияҳои мазкур аз офати табиӣ кушода мешавад.  Тамоми ёрии Шумо сабт шуда, нигаҳдорӣ мешавад ва ҳар 10 рўз як бор ба ноҳияҳои зарардида бо намояндагони Созмони журналистии Медиа- Алянси Тоҷикистон ба маҳалҳо фиристода мешавад. Дар ноҳияҳои зарардида бо дастгирии ҳамкасбони мо кўмак ба эҳтиёҷмандон тақсим карда мешавад», омадааст дар изҳорот. Мо ёрии зеринро аз Шумо мепазирем: Хўрокҳое, ки муддати зиёд вайрон намешаванд (орд, равған, макарон, қанд, шириниҳо), либосҳову пойафзоли нав ва ё дасти дуюм, алалхусус либосҳо ва пойафзоли кўдакона. Лавозимот барои ҷои хоб (кўрпа, кўрпача, матрас, кампал, болишт, брезент), маҳсулоти санитариву гигиенӣ химиявӣ (собун, хокаи ҷомашўӣ, васоити зарфшўӣ, хамири дандон ва ғ.), асбоби рўзгор (коса, чинӣ, тақсимча, чойник, стакан, қошуқ, чангак ва ғ),  асбобҳои барқӣ барои рўзгор (қобили истифода бошанд), маблағи нақд. Барои пайдо кардани посух ба саволи он ки ба куҷо ва кай ёрии худро супоред, ба роҳбари Сохмони журналистии Медиа- Алянси Тоҷикистон бо шумораҳои: (90) 790-59-87 ва ё 227-14-44 занг зада маълумоти иловагӣ бигиред. Ё ки ба адреси nazorat@gmail.com. ба таври хаттӣ муроҷиат кунед. Офати табиӣ устувории моро имтиҳон мекунад.  Биёед исбот кунем, ки мо миллати воҳидем!  

Май 11, 2010 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!