МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АБУЛМАЛИК САЛОЛ

Май 20, 2010 07:41

19 майи соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сарватҳои обии Ҷумҳурии халқӣ — демократии Алҷазоир Абулмалик Салолро ба ҳузур пазируфт. Абулмалик Салол нахуст ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон салому паёми Президенти кишвараш Абдулазиз Бутафлиқаро расонда, изҳор дошт, ки сафари расмии моҳи марти соли 2008 суратгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Алҷазоир баҳри рушди ҳамкориҳои ду кишвар асоси воқеӣ гузошт.  Зимни сўҳбати созанда масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Алҷазоир ва масъалаҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷўҳ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки ба наздикӣ бояд масоили таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ба таври мушаххас дар мулоқоти коршиносони ду кишвар баррасӣ шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа баҳри такони нав бахшидан ба густариши муносибатҳои ҳасана ва ҳамкории ду кишвар ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 20, 2010 07:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд