МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО НИЗОР МАДАНӢ

Май 18, 2010 17:47

18 майи соли 2010 дар мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Низор Маданӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. «Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дўстона бо Мамлакати Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем ва қаноатмандем, ки равобити сиёсии мо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, бар асоси эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ сурат мегиранд», — изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Низор Маданӣ изҳор дошт, ки Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдуазиз даъвати Сарвари давлати Тоҷикистонро пазируфта, азми сафари расмӣ ба ин кишвари биҳиштосо дорад ва дар фурсатҳои наздиктарини муносиб ин ташриф ба вуқуъ хоҳад пайваст». Баҳри таҳким  ва густариши ҳамкории минбаъдаи дуҷониба ҳамчувнин баргузор намудани ҷаласаи аввалини комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва омода намудани санадҳои мушаххаси  қарордодию ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд. Изҳори умед карда шуд, ки Анҷумани бошукўҳи исломӣ дар шаҳри Душанбе дар таъмини ҳамбастагии воқеии кишварҳои мусулмонӣ саҳифаи нав хоҳад кушод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 18, 2010 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд