МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО РАШАД ҲУСЕЙН

Май 19, 2010 16:36

19 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Конфронси Исломӣ Рашад Ҳусейнро, ки баҳри иштирок дар Иҷлосияи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ин созмон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот оид ба муносибатҳои бисёрсоҳаи Тоҷикистону Амрико, ваъзи минтақа ва ҷаҳон ва хусусан оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои Афғонистон гуфтугў сурат гирифт. «Мо ба рушди муносибот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷўҳи хоса дорем ва ба таҳкиму  густариши он?о ?авасмандем», — изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Аз заминаи ҳуқуқӣ ва сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико, ки миёни сохторҳои мухталифи ду кишвар ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки баҳри густариши ҳамкории иқтисодӣ, хусусан бо назардошти бозори фарохи Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия аз самтҳои матлуб ва афзалиятнок дар ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили олами Ислом, таъмини ҳуқуқу озодиҳои динию мазҳабии инсон ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.            

Май 19, 2010 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид