НАФАҚА БО КОРТҲОИ ПЛАСТИКӢ ПАРДОХТ МЕГАРДАД

Май 21, 2010 16:13

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – 21 майи соли равон дар бинои Бонки Милли Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмиллаливу хориҷии донорӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи иҷрои вазифаҳои дар Паёми апрели Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,рушди бозори меҳнат ва тақвияти нерӯи инсонӣ доир гашта, бо мақсади ҷалби инвеститсияи хориҷӣ баҳри амалӣ намудани корҳои дар боло зикрёфта, гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун яке аз созмондиҳандагони вохӯрӣ ширкат карда, дар ҷараёни баргузории он Раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова бо маърӯза дар мавзӯи «Пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ» баромади пурмӯҳтаво намуд. Г. Ҳасанова дар баромади худ афзуд, ки «БДА ҶТ «Амонатбонк» дар баробари дигар хизматрасониҳои анъанавии бонкдорӣ ба як қаттор хизматрасониҳои дигар, аз қабили пардохти нафақа ва ҷубронпӯлиҳои аҳолӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, ҷойгиркунии кӯмак ва ёрдампулиҳо ба навоҳӣ ва минтақаҳои офатзада ва амсоли инҳо барин фаъолииятҳоро амалӣ месозад, ки ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марбут мебошанд. Яке аз иқдомҳои афзалиятноки ин самти фаъолияти Бонк, ки имрӯзҳо ҷиҳати рушди он кӯшиш ва заҳмати зиёд харҷ мешавад, ин иҷрои барномаи пардохти нафақаи аҳолӣ бо кортҳои плостикӣ мебошад.»  .

Май 21, 2010 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд