НАЗАРИ НЕКИ СИЁСАТИ АМРИКО БА ИСЛОМ

Май 31, 2010 09:48

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Иштироки вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломи дар Душанбе собит намуд, ки сиёсати Президенти ИМА нисбат ба ҷаҳони ислом тағйир ёфтааст. Амрико ҳамкориҳои худро бо тамоми давлатҳои исломӣ  тавсеа мебахшад. Ба гуфти намояндаи  Қасри Сафед Рашад Ҳусейн, айни замон дар Амрико 7 млн. мусалмонон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд ва Конститутсияи Амрико ҳуқуқу озодихои динию мазҳабии онҳоро кафолат медиҳад.   Мусалмонони Амрико  дар  дар баргузории тамоми маросимҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи қонун озоданд ва 2 ҳазор масҷид ба онҳо хизмат мерасонад. -Дини мубини ислом ба терроризм ва экстремизм ҳеҷ иртиботе надорад. Амрико дар оянда ҳам ба тамоми ҷаҳони ислом ҳамкориҳои судмандашро давом медиҳад,- иброз дошта буд  Рашад Ҳусейн ба хабарнигорони дохилу хориҷ дар конфронси исломӣ. Ин суханон мазмуни онро доранд, ки  сиёсати Амрико сиёсати некбинона буда, дар асри ХХ1 нисбат ба ҷаҳони ислом куллан тағйир ёфтааст.

Май 31, 2010 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад