ТАШРИФИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ЭРОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — 12 май ҳайати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии вазири мудофиа ва дастгирии қувваҳои мусаллаҳи ин мамлакат, генерал Аҳмади Воҳидӣ барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Тибқи нақша вазири мудофиаи Эрон ва ҳамроҳонаш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳанд кард. Онҳо инчунин бо шахсони дигари расмӣ ва мансабдорони баландпояи Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданианд. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳарбӣ ва низомию техникии Тоҷикистону Эрон ва вусъати ҳамкории ҳар ду мамлакат дар ин соҳа баррасӣ карда хоҳанд шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Эрон аз соли 1997 инҷониб ҳамкорӣ мекунанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






