ВОХӯРИИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГ БО ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

Май 5, 2010 15:41

Душанбе, 5 май. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Ба муносибати 65- солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрўз вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ бо иштирокчиёни ҷангу ақибгоҳ ва ҷанговарони интернатсионалист, ки дар соҳаи фарҳанг кору фаъолият кардаанд, вохӯрӣ намуд. Ҳангоми суханронии худ Мирзошоҳрух Асрорӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат муроҷиат карда, чунин иброз дошт: «Шод аз онем, ки бароямон муяссар гаштааст, то имрўз шуморо бо Рўзи Ғалабаи Бузург табрик гўем. Зеро иштироки Шумо дар ин ҷанг дар саҳифаи зиндагии мо нақши муҳим дорад». Вазири фарҳанг хизматҳои онҳоро бори дигар ёдрас шуда, махсусан қайд кард, ки дар инкишофи фарҳанги тоҷик, таълиму тарбияи кадрҳо корҳои назаррасеро анҷом додаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба 18 нафар иштирокчиёну кормандон, ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони интернатсионалист, — ба миқдори 300 сомонӣ кўмакпулии яквақтаина супорида шуд. Дар навбати худ иштирокчиёни ҶБВ аз он изҳори миннатдорӣ карданд, ки Вазорати фарҳанг новобаста аз рўзҳои ҷашн ҳамеша нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир мекунад. Дар охир толибилмони Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов барномаи хурди консертиро, ки сурудҳои айёми ҷангро дар бар мегирифт, баҳри иштирокчиёни ҶБВ доир карданд.     Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Май 5, 2010 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд