МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН БО ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ

Июнь 25, 2010 15:09

Душанбе,  25 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —   Президенти  Туркманистон  Қурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов  24  июн  бо  вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  мулоқот  кард, ки  бо  супориши Президенти  мамлакат  Эмомалӣ  Раҳмон барои  иштирок  дар  Конфронси байналмилалии  намояндагони давлатҳои  Осиёи  Марказӣ  ва  ҳавзаи   Баҳри  Хазар  бахшида ба  масъалаҳои   халъи  силоҳ  ба  шаҳри  Ашқобод  рафтааст. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   зимни  мулоқот  роҷеъ  ба  вазъияти  имрӯза  ва  нақшаҳои ояндаи   муносибатҳо  ва  ҳамкории Тоҷикистону  Туркманистон  табодули назар  карда шуд. Бояд  гуфт, ки  ҳамкории Тоҷикистону  Туркманистон тӯли солҳои охир  босуръат  густариш  меёбад. Г.Бердимуҳаммадов ва Ҳ.Зарифӣ  масъалаҳои  равнақу  ривоҷи  ҳамкориро  дар  соҳаҳои   нақлиёт,  алоқа,   истеҳсоли  қувваи  барқ,  сӯзишворӣ  ва  ғайра  муҳокима  намуданд. Зимни  баррасии  масъалаи  таъмини  амнияти  минтақа  таъкид  шуд, ки  конфронси  Ашқобод  барои  муқаррар  намудани   роҳу  усулҳои  нави  ҳалли  проблемаҳои  мавҷудаи  Осиёи  Марказӣ иқдоми  муҳим  хоҳад  гашт.

Июнь 25, 2010 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад