НОМҶӮЙ: “ТАМАДДУНИ ОБӢ”-И ЭРОН
Душанбе, 8июн.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-“80 кишвари ҷаҳон дар минтақаи хушк ва нимхушки дунё қарор гирифтааст, ки дар он беш аз 40% аҳолии дунё зиндагӣ менамояд”, гуфт зимни суханронияш дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” 2005-2015, Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Номҷӯй. Мавсуф афзуд 85 % ҳудуди Эрон дар минтақаи хушк ва нимхушк қарор дорад. Эрон аз аввалин тамаддунҳое будааст, ки ҳазорон сол пеш бо вуҷуди мавқеи ҷуғрофиаш ба захираи об ва рушди инфраструктураи истифодаи неъмати бебаҳо- об пардохт ва мувафаққияти ба даст овардаи ин соҳаро “тамаддуни обӣ”номид. Вазири нерӯи Эрон доир ба маъалаҳои истифодаи сарфакоронаи об ибрози назар карда, гуфт, ки аз соли 1979 дар Эрон бо вуҷуди афзоши аҳолӣ, муҳоҷиратии мардум ба шаҳрҳо, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт,бахусус густариши бахши кишоварзӣ, кишвараш дар бахши истифодаи самараноки об ба дастовардҳои намоён мушарраф гардид. Дар ин муддат дар Эрон фарҳанги истифодаи об ва ҳифзи он дар миёни ҷомеа густариш ёфта,шабакаи интиқоли обрасонӣ дар кишвар хеле рушд ёфт. Вазири нерӯи Эрон, ҳазамон ба масъалаҳои вазъи гармшавии иқлими ҷаҳон, хушкшавии тӯлонии минтақавӣ ва мушкилоти истифодаи обҳои дарёҳои фаромарзӣ дар байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон табодули назар карда, баргузории конфронси байналмилалӣ вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”- ро дар Душанбе қадами муассир ҷиҳати ҳали масъалаҳои вобаста ба об арзёбӣ кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






