РАФТИ КИШТИ ПАХТА

Июнь 8, 2010 16:09

Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, нақшаи кишти пахта дар ҷумҳурӣ барои соли  ҷорӣ  183 ҳазору 465 гектар мебошад. Қобили  қайд  аст, ки аз аввали мавсим то имрӯз 164 ҳазору  501 гектар замини пахта  кишт  шуда, 162 ҳазору 624 гектари он сабзидааст.  Майдонҳои аз боришоти пай дар пай зарардида ҳамагӣ 7 ҳазору 355 гектар буда, майдонҳои дубора кишт шуда 7 ҳазору 145 гектар мебошад. Нақшаи кишти заминҳои пахта дар вилояти Хатлон 121 ҳазору 700 гектар  буда, аз аввали мавсим то  имрӯз 101 ҳазору 259 гектар,  дар вилояти Суғд низ нақша 55 ҳазор гектар, аз аввали  мавсим  55 ҳазору 539 гектар иҷро  шудааст. Ноҳияҳои тобеи марказ низ нақшаи кишти пахта 6 ҳазору 765 гектар буда, аз аввали мавсим 7 ҳазору 703 гектар иҷро гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки чорабиниҳои агротехникии хоҷагиҳои пахтакори  ҷумҳурӣ низ, то  имрӯз дар майдони 140 ҳазору 609 гектар ягонакунӣ, 205 ҳазору 812 гектар коркарди байни қаторҳо, 66 ҳазору 811 гектар озуқадиҳӣ ва  80 ҳазору 766 гектар оби сабзиш  гузаронида  шудааст.  

Июнь 8, 2010 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд