ТАЙЁРӢ БА РӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ

Июнь 23, 2010 09:36

Хуҷанд,  23 июн. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). —   22  июн  бо  иштироки  муовини  раиси   вилояти  Суғд Суюнхон  Рустамов  иҷлосияи  дуюми  Маҷлиси   вакилони  мардумии  шаҳри  Хуҷанд  баргузор  гардид. Дар  иҷлосия  вакилони  маҷлиси  шаҳр,  роҳбарони   корхонаю  муассисаҳои  калонтарин, намояндагони  мақомоти  интизомӣ,  муҳофизи  тартиботу  қонун  ва  шӯроҳои  маҳаллӣ  иштирок  доштанд.  Иҷлосия таҳти раёсати   вакили   маҷлиси  вакилони  мардумии  вилояти  Суғд,   раиси  Маҷлиси  вакилони  мардумии  шаҳри  Хуҷанд,  раиси  шаҳри  Хуҷанд Содиқҷон  Мирхолиқов  гузашт. Дар  иҷлосия  масъалаҳои  марбут ба   тадбирҳои  иловагии   гузаронидани   рӯйхатгирии  аҳолӣ  дар  соли  2010,  қарори  дахлдори  раисони  вилоят  ва  шаҳр  дар  ин  масъала  ва  тасдиқи  буҷети  иловагии  шаҳр  барои  нимаи  аввали  соли 2010  муҳокима  шуданд. Муовини  раиси  шаҳр Ҳабибҷон  Қӯзиев  роҷеъ ба  масъалаи  аввал  сухан ронд.  Вай  зикр  намуд, ки  тайёрӣ  ба  рӯйхатгирии  аҳолӣ  дар  шаҳр  ҳанӯз  соли  2007  шурӯъ  шуда буд. Барои гузаронидани  ба рӯйхатгирии  аҳолӣ  аз  ҳисоби буҷет  120  ҳазор  сомонӣ  ҷудо  намуда,   барои  тайёр  кардани  нақшаи  шаҳр, таъини   сарҳадҳои он  ва  ғайра  сарф  карда  шуд. Шумораи  аҳолии  шаҳри  Хуҷанд  айни  ҳол  158  ҳазор  нафар  мебошад. Сардори  шӯъбаи  молияи  шаҳр  Абдусалом  Бобоҷонов  зикр  намуд, ки  нақшаи   даромади   буҷети  шаҳр  дар  давоми  панҷ  моҳи  гузашта ба  андозаи  131,6  фоиз иҷро  шуд.  Қисмати  хароҷоти  буҷет  низ  барзиёд  иҷро  шуд. Вакилони  мардумӣ  буҷети  иловагии  шаҳрро  ба  маблағи  4  миллиону  641,6  ҳазор  сомонӣ  тасдиқ  намуданд.

Июнь 23, 2010 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд