ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН

Июль 20, 2010 10:02

Душанбе,  20 июл. (АМИТ «Ховар»,  Дилшода  Ҷонмардова). —  19 июл Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон   бо    Вазири давлатӣ-раиси  Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалла  мулоқот  кард.  Салим Мандвивалла  баъди  анҷоми мулоқоташ  бо  Сарвари  давлат   зимни  сӯҳбати  мухтасар  бо  хабарнигорон  дар  бораи  натиҷаҳои он  сухан  ронд.  Ӯ иброз дошт, ки бо Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти пурмӯҳтавое доштааст ва масъалаҳои ҳамкорӣ ва равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро мавриди муҳокима ва баррасӣ карор додаанд. «Мо зиёда аз 40 нафар намояндагони доираи соҳибкорон ба Точикистон ташриф овардем. Мақсади асосии мо муайян ва дарёфт намудани самтҳои асосии ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг мебошад» — қайд намуд ӯ. Вазир афзуд, ки муносибатҳои дӯстонаи  Тоҷикистону Покистон таърихи дерина  доранд. Аз ин рӯ Ҷумҳурии Исломии Покистон доимо омода аст, ки тамоми ташаббусу ибтикороти Тоҷикистонро чӣ имрӯз ва чӣ дар оянда дастгирӣ  намояд. «Мо тайёрем, ки дар байни Тоҷикистону Покистон на танҳо  роҳи оҳан, балки роҳи мошингард низ бунёд намоем.  Ин мавзӯъ низ дар рафти мулоқот мавриди муҳокимаи мо қарор гирифт. Ман итминони комил дорам, ки бе ягон шаку шубҳа ба татбиқи амалии ин  барномаҳо  дар ояндаи наздик комёб мешавем », афзуд вазир. Масъалаи дигаре, ки мавриди муҳокима қарор гирифт,  воридоти молҳои истеҳсоли Покистон  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Масалан, маҳсулоти кишоварзӣ, дору, масолеҳи сохтмонӣ, семент ва ғайра. Зимни сӯҳбат нақшаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои  тиҷорати минтақавӣ,  энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон  баррасӣ шуданд.           

Июль 20, 2010 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд