К. АЛИБЕРДИЕВА: МАРДҲО БА КУМИТАИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА БЕШТАР МУРОҶИАТ МЕНАМОЯНД

Июль 14, 2010 09:56

Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Вақтҳои охир ба Кумитаи кор бо занон ва оила мардҳо бештар муроҷиат менамоянд, гуфт дар нишасти матбуотии ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2010 муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиматгул Алибердиева. Ба гуфти ӯ тӯли шаш моҳи корӣ ба Кумитаи занон 79 муроҷиати хаттӣ ва 270 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон дохил шудааст, ки аз онҳо 15 тоаш аз мардон мебошад. Аз ҳама бештар шаҳрвандон аз рӯи масъалаҳои ҳукуқӣ, фишори хонаводагӣ, баҳсҳои оилавӣ, норозигӣ аз ҳукми судҳо, таъминот бо ҷойи кор, хифзи саломатӣ, инчунин маълумот пайдо намудан муроҷиат менамоянд. Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр гардид, ки дар назди Кумитаи занон Маркази бӯҳронии «Боварӣ» фаъолият  менамояд. Тӯли шаш мохи сипаришуда ба марказ зиёда аз 873 нафар занон муроҷиат намуданд, ки ба 456 нафари онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ ва 417 нафари дигар кӯмаки равонӣ расонида шуд. Бо мадади кормандони марказ зиёда аз 30 % оилаҳое, ки барои кӯмак муроҷиат намуда буданд, аз вайроншавӣ нигоҳ дошта шуданд, сафедкунандаҳои марказ бошанд дар 49 мурофиаи судӣ ширкат намуданд.  «Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ айни замон 31 маркази барқароркунии бӯҳронӣ ташкил гардидааст. Дар ин марказҳо ҳуқуқшиносон ва рӯҳшиносон бо корафтодагон машваратҳои ройгон медиханд. Барои  ҷабрдидагони  зӯроварӣ бошад утоқҳои махсусе кушода шудаанд, ки дорои телефонҳои боварианд»-посух дод ба суоли хабарнигорон Қ. Алибердиева.   

Июль 14, 2010 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид