МАҶЛИСИ ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҶОМЕАИ ИҚТИСОДИИ ЕВРАЗИЯ

Июль 5, 2010 15:44

Душанбе,  5 июл. (АМИТ «Ховар»). —  Имрӯз дар  пойтахти  Ҷумҳурии  Қазоқистон  —  шаҳри  Остона   маҷлиси  навбатии  Шӯрои  байнидавлатии  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  кушода  шуд.  Маҷлис  бо   сӯҳбати  хосаи  сарони  давлатҳо  оғоз  ёфт. Президенти  Қазоқистон  Нурсултон  Назарбоев  сарони  давлатҳои   аъзои  ҷомеаро   ба  муносибати 10 – солагии  рӯзи  имзои  Созишномаи  таъсиси  ҷомеа  табрик  намуд.   Сарони  давлатҳо  масъалаҳои рӯзномаи  маҷлис   ва  моддаҳои  алоҳидаи  сиёсати  имрӯзаро  дар  доираи  созмон  муҳокима  карданд.  Баъдан   дар  маҷлис  аъзои  комиссияи  иттифоқи  гумрукҳо  ва  котиби  масъули  Ҷомеаи  Иқтисодии  Евразия  ширкат  варзиданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дар  маҷлиси  мазкур   сарони  давлатҳои  Русия Дмитрий  Медведев,  Арманистон Серж  Саргисян,  Белорусия  Александр  Лукашенко,  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ва  Қирғизистон  Роза  Отунбоева иштирок доранд. Ҷомеаи  Иқтисодии  Евразия  айни  ҳол   Белорусия,  Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва  Тоҷикистонро  муттаҳид  месозад.  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  соли  2008  аз  узвияти  ҷомеа  хориҷ  гардида  буд. Имрӯз  дар  фарҷоми  маҷлис  изҳороти  муштарак  дар  робита бо  10 – солагии таъсиси   ҷомеа,  ҷараёни  иҷрои  қарорҳои  дар  маҷлиси  24 – уми  Шӯрои байнидавлатӣ  қабулгардида,  ташкили  Иттифоқи  гумрукҳо  дар  доираи  ҷомеа,  рафти  иҷрои  нақшаи  тадбирҳои   ташкили   фазои  воҳиди  иқтисодӣ,  ворид  сохтани  тағйирот ба  низомномаи   Ассамблеяи  байнипарлумонии  ҷомеа, таҳрири нави  мақоми  Суди   ҷомеа,  ҳисобот  дар  бораи  иҷрои  буҷети  ҷоема  дар  соли  2009,  буҷети  ҷомеа  барои соли  2011,   супурдани   ифтихорномаи  ҷомеа,   маҳалл ва  замони  гузаронидани  маҷлиси  навбатии  Шӯрои  байнидавлатии  ҷомеа  ва  дароз  кардани  мӯҳлати  фаъолияти  Муншии  умумии  ҷомеа  Т.  Мансуров  мавриди баррасӣ  қарор  дода шуданд.

Июль 5, 2010 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд