МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ФИЛИАЛИ ДДМ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷавонмард). — Имрӯз дар Душанбе маросими расман кушода шудани филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси ДДМ Виктор Садовничий ва шахсони дигари расмӣ ширкат варзиданд. Дар ҷамъомад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан кард. Ӯ ба роҳбарияти Федератсияи Русия ва хусусан Президенти ин мамлакат Д.Медведев изҳори сипос намуд, ки ба шарофати онҳо орзуи бисёр сокинони Тоҷикистон дар бобати кушода шудани филиали ин донишгоҳи мӯътабар дар пойтахти мамлакат ниҳоят ҷомаи амал пӯшид. Қайд карда шуд, ки филиали донишгоҳи мазкур дар бобати тайёр намудани мутахассисон мувофиқи талаботи замони нав нақши муҳим хоҳад бозид. Ба донишу маҳорати онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа талабот хеле калон аст, гуфт Президент. Ҳаминаш қобили қайд аст, ки ифтитоҳи филиали донишгоҳ ба Соли маориф ва донишҳои техникӣ дар Тоҷикистон рост омад. Филиали ДДМ, ки имрӯз кушода шуд, минбаъд дар бинои собиқи донишкадаи нақлиёт ҷой дода мешавад. Донишҷӯёни он то имрӯз дар бинои Донишгоҳи техникии ба номи Осимӣ таҳсил мекарданд. Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки барои тармиму таҷдиди куллии бинои филиали донишгоҳ дар давоми як соли охир аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти ҷумҳурӣ 4 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 2 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Таъминоти филиал ба тамоми талаботи замони ҳозира ҷавобгӯ мебошад. Дар он китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерӣ, тахтаҳои махсуси хатнависӣ, озмоишгоҳҳо, матбааи кӯчак, синфхонаҳои муҷаҳҳази забономӯзӣ ба ихтиёри донишҷӯён гузошта, барои омӯзгорон меҳмонхона кушода шудааст. Сардори давлат афзуд, ки барои таъмини фаъолияти филиал дар давоми ду соли гузашта аз буҷети давлат қариб 9 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Донишҷӯёни аввалини он танҳо ду ихтисос — математикаи амалию информатика ва муносибатҳои байналхалқиро меомӯхтанд. Зикр карда шуд, ки ояндаи наздик шумораи ихтисосҳо дар филиал зиёд карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2009 дар бораи кушодани филиали ДДМ дар Душанбе фармон имзо карда буд. Дар ин бора моҳи августи соли 2008 зимни сафари Президенти Русия Д.Медведев ба Тоҷикистон мувофиқа карда шуд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






