МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ БОИСИ ҲИФЗИ ҲАЁТ

Июль 22, 2010 09:44

Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар давоми соли ҷорӣ беш аз 1500 оила ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кӯчонида мешаванд. Танҳо дар давоми нимсолаи аввали соли 2010 450 оила аз минтақаи обанбори ояндаи нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба ҷойҳои дигари барои аҳолӣ мувофиқ кӯчонида шудаанд. Бино ба маълумоти Вазорати  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 1102 оила ба таври ихтиёрӣ ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ мекӯчанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, 11 оила аз ВМКБ, 165 оила аз вилояти Хатлон, 657 оила аз вилояти Суғд ва 269 оила аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ   ба ҷойҳои  бехавфтари маҳали зист ва ё ба минтақаҳои  дигари вилоятҳои  Хатлону Суғд кӯчонида мешаванд. Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ  барои муҳоҷирати дохилӣ  1 млн. 653 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо менамояд.

Июль 22, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд