МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ТСЗО СЮЕЛЯН

Июль 7, 2010 14:48

7 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзо Сюелянро бинобар анҷом ёфтани мўҳлати сафириаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Тсзо Сюелян ба ҳайси сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки дар ин давра дар самти татбиқи лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистону Чин, хусусан дар соҳаҳои энергетика, саноати кўҳӣ ва нақлиёту коммуникатсия, ки аз самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар ба шумор мераванд, корҳои зиёд ба сомон расиданд. Тсзо Сюелян дар навбати худ изҳор дошт, ки минбаъд низ баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ҷаҳду талоши худро дареғ нахоҳад дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 7, 2010 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд