БЕҲТАРИН ШАҲРИ СУҒД КАДОМ АСТ?
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мутобиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба густариши минбаъдаи ҳаёти ҷамъиятӣ, бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади рушди иқтисодиёт, иҷрои нақшаҳои барномавӣ, корҳои ободониву кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои тиб, маориф ва фарҳанг қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии «Шаҳри (ноҳияи) беҳтарин», ки аз моҳи сентябри соли 2010 оғоз шуда, то моҳи сентябри соли 2011 давом мекунад, ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур Низомнома ва ҳайати комиссияи корӣ ташкил ва тасдиқ карда шуда, аз тарафи тамоми воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Барои ҷойи якум 30 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 20 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи саввум 10 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар шудааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






