ДАСТГИРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ 750 ОМӮЗГОРИ НАВОВАР
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бахшида ба соли «Маориф ва фарҳанги техникӣ», бо мақсади қадр намудани меҳнати 750 нафар омӯзгорони навовару эҷодкор ва кормандони соҳаи маориф, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси вилояти Суғд 36750 (сию шаш ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ ба ҳисоби Раёсати маорифи вилоят ирсол гардид. Инчунин, бо мақсади дастрас намудани ду адад автобус ва як автомошинаи боркаш, дар асоси дархости директори муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати махсусгардонидашудаи президентӣ барои хонандагони боистеъдод», аз ҳисоби маблағҳое, ки аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷети вилоятӣ ворид гардида буд, 294000 (дусаду наваду чор ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид. Дар баробари ин, аз рӯи мактуби дархостии шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, даҳаи сеюми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Суғд курс-конфронси адибони ҷавон баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо мақсади тарбия ва ташаккули адибони ҷавон, тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ, рушди адабиёти муосири тоҷик гузаронида мешавад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки оид ба ҷудо намудани маблағҳо ва чорабинии мазкур қарорҳои махсуси раиси вилоят ба имзо расиданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






