ОҒОЗИ «ҲАФТАИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН» ДАР ДУШАНБЕ

Август 23, 2010 16:12

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Ҳамкориҳои Техникии Олмон, Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон гузаронидани «Ҳафтаи таълими калонсолони Тоҷикистон»-ро аз 23 то 27 августи соли ҷорӣ ба нақша гирифтааст, — гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши робита бо ҷомеаи муассисаи мазкур Ф. Фозилов. Рӯзи 23 августи соли 2010 маросими кушодашавии «Ҳафтаи таълими калонсолони Тоҷикистон» дар дастгоҳи асосии Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маросими кушодашавӣ муовини аввали директори Муассисаи давлатии  « Маркази таълими  калонсолони Тоҷикистон »  Шукурулло  Саломов  ба ҳозирин  аз мақсаду мароми  баргузории  чорабинии мазкур  хабар дод. Мавсуф аз ҷумла  зикр намуд, ки  ҷавонон  дар ду  бахш аз рӯи  ихтисосҳои  ба талаботи  замон  мувофиқ омӯзонида шуда, баъди хатм  ба онҳо  шаҳодатномаҳои  касбӣ супорида мешавад.          

Август 23, 2010 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад