РАИСИ ШАҲР ДИРЕКТОРИ БОЗОРРО АЗ ВАЗИФА САБӮКДӮШ КАРД
Душанбе, 24 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Барои роҳ додан дар фурӯши орд ба нархҳои ғайримуқаррарии дар моҳи Рамазон пешбинигардида, Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ ба муовинаш Санавбар Раҳимова, ки масъули назорат дар бозори «Саховат» аст ва директори он Б. Абдуллоев танбеҳ эълон намуда, директори бозори Қарияи Боло В. Давлатовро аз вазифа сабукдӯш кард. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дастрасии сокинони пойтахт ба маҳсулоти хушсифат ва арзони ғизоӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва ҳолати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон дар қаламрави шаҳри Душанбе» аз масъалаҳои муҳими ҷаласаи васеи назоратии шаҳрдори Душанбе буд. Вобаста ба ин масъала гузориши раиси Комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Иззатулло Сатторӣ аз рафти корҳои ҷараёндошта дар бозорҳои пойтахт шунида шуд. Новобаста аз мӯҳтавои мусбии гузориш фаъолияти анҷомдодаи масъулин дар таъмини иҷрои талаботи Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе нокифоя арзёбӣ гардид. Инчунин, ба директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе З. Авғонов ва сардухтури Раёсати назорати давлатии байторӣ дар шаҳри Душанбе Б. Қармишев бобати беназоратӣ дар роҳ ёфтани гӯшти пастсифат ба бозори истеъмолии пойтахт танбеҳ эълон гардида, ба тамоми муовинони масъули Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои зиддахл ва кулли директорони бозорҳои шаҳр дастур дода шуд, ки дар муддати ду шабонарӯз камбудиҳои мавҷударо бартараф созанд, дар сурати акс нисбат ба ҳар яки онҳо чораҳои мушаххас дида хоҳад шуд.