ТАДБИРҲОИ ЗИДДИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон таҳти унвони «Гузаронидани тадбирҳои фарҳангӣ ва оммавии тақвияти мубориза ба муқобили маводи нашъадор» рӯзҳои 10 ва 17 августи соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент бахшида ба пурзӯр намудани мубориза ба муқобили маводи нашъадор ҷамъомадҳои оммавӣ баргузор месозад. Инчунин ҷамъомад имрӯз дар маркази вилояти Суғд гузаронида мешавад. Дар он намояндагони ташкилоту идораҳои гуногун ширкат меварзанд. Агентӣ бо ин мақсад гурӯҳи калони ташвиқотиро ташкил намуд. Ба он духтурон, мутахассисони нашъашинос, равоншиносон, ҳунармандон, намояндагони ташкилотҳои динӣ ва гурӯҳи масхарабозони «Лаҳзаҳои гуворо» шомил гардиданд. Аъзои гурӯҳ дар назди аҳолӣ, донишҷӯён, талабагон ва намояндагони корхонаю ташкилот роҷеъ ба зарари ҳалокатовари истеъмоли маводи нашъадор сухан ронда, вобаста ба ин мавзӯъ саҳначаҳо намоиш медиҳанд. Дар ҷараёни сафар барномаҳои консертӣ, саҳнаҳои гуногун ва мусобиқаи викторина ташкил карда мешавад. Ба ғолибони он аз ҷониби ташкилкунандагони ҷамъомад тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад. Ҳадафи ин тадбир ташвиқу тарғиби ҷавонон дар рӯҳияи ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим мебошад.