БАРРАСИИ ПЕШНИҲОДИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Хуҷанд, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). -17 сентябр вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Домуллоҷон Ҷабборов аз ҳавзаи интихоботии рақами 13-и шаҳри Хуҷанд интихобкунандагонро дар бинои маъмурии шаҳри Хуҷанд қабул намуд. Аз номи зиёда аз шашсад сокини маҳаллаҳои Содирхон Ҳофиз, Тути Калон, Чорчироғ, Инқилоб, Раззоқ, қасабаи ҳаштум, ҳамчунин, комбинати омӯзишӣ-истеҳсолии нобиноёни шаҳр ба қабули вакили халқ қариб 20 нафар интихобкунандагон омаданд. Истиқоматкунандагони шаҳр асосан оид ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди сохтмони хонаи истиқоматӣ, таъмири роҳ, имтиёз барои андозбандӣ ва таъмири ёдгориҳои таърихӣ муроҷиат намуданд. «Ҳамаи масъалаҳое, ки интихобкунандагон пешниҳод намуданд, дар мӯҳлати наздик дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои марбута ҳалли худро меёбанд», — гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Домуллоҷон Ҷабборов.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






