ЭРОДИ Қ. РАСУЛЗОДА АЗ ФАЪОЛИЯТИ РОҲБАРИЯТИ ХУҶАНД
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба фаъолияти роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати саривақт ва дар мӯҳлати муқарраргардида тақсим накардани замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон эроди ҷиддӣ гирифта, аз таъмин нагардидани нақшаи даромади буҷет, саривақт пардохт нагардидани музди меҳнат ва нафақа, зиёд гардидани бақияи қарзи андоз дар шаҳру навоҳии Конибодом, Мастчоҳ, Зафаробод, Истаравшан, Панҷакент ва Хуҷанд изҳори нигаронӣ намуд. Зимни баргузории ҷаласаи корӣ 6 сентябр раиси вилоят масъалаҳои марбут ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро, ки ҳангоми сафари навбатии кори худ ба вилояти Суғд баён дошта буд, баррасӣ намуда, соҳаи кишоварзии вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор дод. «Дар соҳаи кишоварзии вилоят баробари дастовардҳо камбудиҳои назаррас низ ҷой доранд, ки аз бепарвоии масъулини соҳа шаҳодат медиҳад. Ин аст, ки дар вилоят соли равон истеҳсоли баъзе намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пилла, ангур, гӯшти моҳӣ, тухми мурғ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам истеҳсол гардид», — тазаккур дод раиси вилоят. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки алҳол дар саҳроҳои вилоят ҳосили бо ранҷ парваридаи деҳқон-пахта интизори чидан аст ва он бояд саривақту беталаф ҷамъоварӣ гардад. Бино ба иттилоъи масъулини соҳаи кишоварзии вилоят ҳосили интизории имсолаи пахта беш аз 89 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва рӯзҳои наздик корвони нахустини «тиллои сафед» ба корхонаҳои пахтатозакунӣ ва коркард дохил хоҳад шуд. Қ. Расулзода ҷиҳати омодагӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта ба фаъолияти роҳбарони идораи кишоварзии вилоят, роҳбарони ноҳияҳои Зафарободу Ашт, Конибодому Мастчоҳ ва Спитамен эродҳои амиқ гирифта, супориш дод, ки бо ҷалби саривақтии ҳашарчиён ҳосили дар саҳро буда беталаф ҷамъоварӣ гардад ва нақшаи пахтасупорӣ дар вилоят таъмин шавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






