«МАВЛАВИХОНӢ» ДАР КИТОБХОНА
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «Аҳамияти мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар тарбияи худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро раиси Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошев Ш.К. оғоз намуда, иброз дошт, ки; «Ҳадафи асосии ин конфронс ҳарчи бештару беҳтар мавриди омӯзиш ва тарғиб қарор додани мероси гаронбаҳои ин олими бузург аст. Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси кормандони китобхонаи миллӣ бахшида ба бузургдошти Ҷ.Балхӣ як феҳристи фундаменталӣ-библиографӣ таҳти унвони «Феҳристи осори Ҷ. Балхӣ» таҳия гардид, ки иборат аз 112 саҳифа мебошад ва дар он нусхаҳои хаттӣ ва номгӯи дигар осоре, ки ба ин олими бузург тааллуқ дорад, ҷамъоварӣ шуданд. Илова бар ин матни электронии ин феҳристи осор дар сомонаи китобхона ворид карда шуд, ки хоҳишмандон метавонанд истифода баранд. Ҳамчунин, дар фонди китобхонаи миллӣ зиёда аз 33 нусхаи хаттии осори Ҷалолиддини Румӣ ва 32 нусхаҳои чопи сангӣ маҳфуз аст, ки аз қимматтарин нусхаҳо ба ҳисоб мераванд ва мавриди омӯзиши мутахассисон ва мухаққиқон қарор доранд. Сипас, дар конфронс мавзӯъҳои баррасии масоили панду ахлоқ ва тарбия дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ақидаҳои гуманистии ӯ ва нусхаҳои хаттии осори Мавлавӣ дар захираи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар охир муаррифии намоиши китобҳо таҳти унвони «Мероси Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир» ва «Мавлавихонӣ», қироати рубоиёт аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби кормандони китобхона доир гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






