МУЛОҚОТИ М.АСРОРӢ БО А. НОКЕРГУЛИ
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ вобаста ба баргузор гардидани рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон бо Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Атагулиев Нокергули мулоқот доир намуд. Дар ин мулоқот Вазири фарҳанг сафири Туркманистонро бовар кунонид, ки чорабинии мазкур дар сатҳи баланд доир хоҳад шуд ва бо ин мақсад ситоди махсус таъсис дода шудааст. Дар барномаи чорабинӣ дар баробари барномаҳои консертӣ, намоиши санъати тасвирӣ, суратгирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, боздид аз ноҳияҳои Ҷилликӯлу Ҳисор, дараи Варзоб, Осорхонаи миллии бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва осорхонаи созҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков низ дар назар гирифта шудааст. Ғайр аз ин, ҳайати ҳунармандони Туркманистон бо ҳунармандони тоҷик барномаи консертии муштарак баргузор хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-ум то 25-уми сентябри соли равон баргузор карда мешавад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






