СОЗИШНОМАИ ШӮРОИ РАИСОНИ СУДҲОИ АРБИТРАЖӢ

Сентябрь 17, 2010 16:49

           Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 16-17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои Раисони судҳои арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳое, ки парвандаҳоро оид ба баҳсҳо дар соҳаи иқтисодӣ ҳал менамоянд, баргузор гардид.             Дар ҷаласа Раиси Шӯрои раисон, Раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ Амирхоҷа Ғоибназаров, мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи баробарҳуқуқи Президенти ҶТ дар Маҷлиси Олии ҶТ Ҷумъахон Давлатов, муовини раиси Суди Олии арбитражии Федератсияи Россия Сергей Амосов ва намояндагони дигар давлатҳо иштирок намуданд.             Бояд қайд кард, ки Шӯрои раисон 7 октябри соли 2002 дар ҷаласаи роҳбарони мамлакатҳои Давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова дар асоси Созишнома ташкил ёфтааст. Созишномаро Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Украина ба имзо расониданд.             Шӯрои раисон бо мақсади ташкили таъмини ҳамкориҳо байни судҳои арбитражӣ, хоҷагидорӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳое, ки ваколаташон ба ҳалли баҳсҳои вобаста ба амалигардонии фаъолияти хоҷагидорӣ алоқаманд аст, таъсис ёфтааст.                Вазифаи асосии Шӯро ин маълумоти саривақтии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ, татбиқи қонунгузории хоҷагидорӣ, ташкили маслиҳатҳои дуҷониба оид ба тайёр намудани услуб ва роҳҳои мувофиқакардашуда оид ба татбиқи шартномаҳои байнидавлатӣ ва ёрии ҳуқуқии тарафайн дар бораи парвандаҳои гражданӣ, иҷрои ҳалномаҳои судии як давлат дар ҳудуди давлати дигар, мукаммалгардонии муносибатҳо ва ташкили фаъолияти судҳо, тайёр намудани шартномаҳо ва созишномаҳои муайяни байналхалқӣ мебошад, иброз намуд А. Ғоибназаров.         

Сентябрь 17, 2010 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд