ТӮРАҶОНЗОДА КИСТ ВА ЧӢ МЕХОҲАД?

Сентябрь 14, 2010 12:18

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Тӯраҷонзода чӣ касест, ки дар борааш чанд соли охир дар матбуот ва нишасту маҳфилҳо пайваста муҳокимаҳо сурат мегиранд ва ақидаҳои мухталиф оиди ӯ иброз карда мешаванд. Ба хотири он, ки ҳамагон дар хусуси ин шахс огоҳии дуруст дошта бошанд ва фирефтаи макрҳои ӯ нагарданд, зарур донистем, ки чанд ҳақиқатеро дар борааш баён намоем. Шахсияти Тӯраҷонзода то ҳол барои ҷомеаи мо пурра равшан нест ва шубҳанок боқӣ мемонад. Вай аз охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта то ба имрӯз вобаста ба шароит ва манфиатҳояш бо чеҳраҳои гуногун фаъолият мекунад. Аммо тавре, ки аз амалу  гуфтаҳояш бармеояд, вай шахси ниҳоят  ҳиллагар ва манфиатҷӯ мебошад. Касоне, ки ӯро марди диндор ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ меҳисобанд, хатои маҳз мекунанд. Зеро чун манфиат  пеш омад, ӯ дину мазҳабашро фаромӯш мекунад. Агар ба рафтору амали ӯ дурусттар диққат диҳем, мебинем, ки ба хотири манфиату шӯҳраташ пайваста талаботи шариатро сарфи назар мекунад. Масалан, оиди танзими расму оинҳо Тӯраҷонзода барои касби шӯҳрат ва обрӯ бисёр гуфтаасту навиштааст. Вале ҳангоме, ки Ҳукумат оиди ин кор иқдом кард, онро  алайҳи дин дониста буд.  Баъд аз марги падараш ҳамаи маъракаҳоеро, ки худаш бидъат меҳисобид, анҷом дод. Зеро нахост, ки шӯҳрату обрӯяш аз даст равад. Рибохорӣ эълони ҷанг бо худост. Тӯраҷонзода бошад, аз ҷанг бо худо наметарсад, ҳатто ба дигарон дар ин амал фатво медиҳад. Оилаи Тӯраҷонзодаҳо як кори аҷибе доранд. Агар масъалае ба фоидаашон бошад,  зуд касеро меёбанд, ки ба ин масъала фатво дода бошад, агарчӣ он фатво хато ҳам бошад. Ба корҳое, ки хилофи мазҳаб асту фатво додаанд, заруратҳои асри 21-ро мисол меоранду фатвоҳои Қарзовиро. Охир заруратҳо андоза доранд ё не? Ва оё Қарзовӣ ҳанафимазҳаб аст?  Тӯраҷонзода касеро, ки берун аз мазҳаб сухан гӯяд гунаҳкор меҳисобад. Вале агар худашу бародаронаш чунин сухан гӯянд,  суннатро муқаддамтар меҳисобад. Агар коре карданд, ки на суннат асту на мазҳаб (мисли маросими  Ошуро), мегӯянд инро Қарзовӣ гуфтааст  ё ин ҳолат зарурат дорад? Ман ба Тӯраҷонзода муроҷиат мекунам: илтимос мард шавед, гӯед ки ин амалҳо ба манфиати корамон ё обрӯямон аст. Зеро ин амалҳои шумо чанд сол аст, ки ҷараён дорад ва мардум ҳам фаҳмидааст. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки шумо гуфтед, беҳтарин низом низоми Дубай аст: касе хоҳад масҷид месозаду, касе хоҳад миниюбка мепӯшад. Вале бояд қонунро фаромӯш накунед, зеро куфр куфр асту фисқ фисқ! Баъзеҳо ақидаи хато  доранд, ки Тӯраҷонзода сиёсатмадори бузург аст. Аммо ҳатто агар чунин ҳам бошад,  фақат дар сиёсати ғайришаръӣ аст. Зеро барои сиёсатмадори  шаръӣ шудан аз баҳри манфиату шӯҳрати худ гузаштан даркор аст. Вале зиндагӣ бе ин ду  барои Тӯраҷонзода зиндагӣ нест. Вай дар солҳои ба миён омадани демократия ва сар задани ҳаракатҳои сиёсӣ  ҷонибдори ҳукумати онвақта (Маҳкамов Каҳҳор) буд. Зеро дар он ҳукумат мансаби қозикалонро дошт. Чун дид, ки вазъият дигар шуд ва ислоҳталабони онвақта бо роҳбарии Набиев Р. имкони  ғолибиятро доранду  курсиаш эҳтимол аз даст равад, тибқи одат мавқеъро иваз кард. Аммо ин амалҳояш дер давом накард. Вақте дид, ки пояҳои ҳукумати Набиев ларзон аст ва аз тарафи дигар мухолифини онвақта, ки бештарашонро диндорони минтақаи Қаротегин (Рашт) ташкил медод, афзалият доранд, ҷониби онҳо гузашт. Ҳол он, ки қаротегиниҳоро қавми аз яҳуд бадтар медонист (ҳар касе он замон бо Тӯраҷонзода буд, инро хуб медонад). Фатвои сеталоқа будани зани марде, ки ба майдони тазоҳурот  намебарояд низ маҳз аз ҳамин хонавода баромада буд. Муриду мухлисони ин оила, ки аз водии Зарафшон, бахусус Мастчоҳ, шаҳри Душанбе ва водии Ҳисор буданд, ҳатман инро хуб дар ёд доранд. Ҷанги бародаркушӣ (ҷиҳод тибқи даъвоҳои онвақтаи Тӯраҷонзода) сар шуду гӯё вай бе хоҳиши худ ҷонибдори он буд. Аммо ҳақиқат ин тавр набуд. Зеро он роҳбарони мухолифин, ки ҷонибдори ҷанг набуданд (Тоҳири Абдуҷаббор, Давлат Худоназаров ва ғ.) баъди мағлубият барои ҷон ба саломат бурдан фирор карданд. Лекин на ба Афғонистону Эрону Покистон, балки он ҷое рафтанд, ки худро аз муборизаи низомӣ нигоҳ доштанд. Тӯраҷонзода чун қудратхоҳу ҷоҳталаб буд, ҷиҳодашро идома дод. Акнун вай қумондонҳои худро чун Ризвон Содиров, Умар Юнусов, Намоз Абдураҳимов, Нозим Юсупов, Раҳмон (Гитлер) Сангинов, Мансур (Шайх) Муаккалов дошт, ки баъдтар боз ба хотири манфиатҳояш баъзеашонро кушт ва баъзеи дигарро зиндонӣ кард. Бо дасти ин қумондонҳояш вай пайваста хуни мусулмонҳоро мерехт. Дар мусоҳибаҳою баромадҳояш чунин амалҳоро таблиғ ҳам мекард. Масалан мегуфт: бачаҳои мо  (яъне Мансуру Раҳмон) дар болои шаҳр (Теппаи Самарқандӣ) чанд нафар аз ҳукуматиҳоро куштанд ва чанд тани дигарро захмӣ карданд. Тӯраҷонзода ҷанги бародаркуширо ҷиҳод медонисту муаррифӣ мекард. Аммо шаҳодатро фақат барои фарзандони мардум мехост. Аҳли хонаводаю наздикони худро бошад, дар Қазоқистону Эрон нигоҳ медошт. Баъди барқарории сулҳ Тӯраҷонзода нисбати тамоми мухолифин вазифаи аз ҳама баландро соҳиб шуд. Акнун вай ҷиҳод ва муҷоҳидинро фаромӯш карда буд. Вале маҳз ба хотири хизмати хирсонаи вай мусулмонони зиёде қатлу зиндонӣ ва бехонумону саргардон шудаанд.  Тӯраҷонзода натанҳо ҳаммаслакони пешинаи худро хоҳиши дидан надошт, балки дар интихоботи президентии соли 1999 пешниҳод шудани номзадии Давлати Усмонро амали ғайришаръӣ ҳисобид. Солҳои 1998 то 2005, ки дар мансаб буд, итоати сарвари давлат — Эмомалӣ Раҳмонро воҷиб медонист ва тамоми норасоиҳои онвақта ба чашмаш наменамуд. Лекин ҷонибдориаш аз ҳукумат чун одати ҳарвақтааш дер давом накард. Ҳамин, ки аз курсии муовини аввали сарвазир рафт, зуд дар либоси диндор даромад ва аз номи дин ҳукуматро танқид кардан гирифт. Бо назҳати ислом, ки зимни муовини сарвазир будан хушаш надошт, акнун наздик шуд. Аслан пеши Тӯраҷонзодаҳо манфиату шӯҳраташон афзалият дорад, на ҳукумату миллат ва на дину мазҳаб. Имрӯзҳо ҷосуси КГБ (хадамоти махсуси собиқ Иттиҳоди шуравӣ) будани Тӯраҷонзода ба ҳама ошкор шудааст. Яъне вай аллакай дар замони шӯравӣ ба хотири манфиати худ дину оинашро фурухта будааст. Дар замони салтанати Иттиҳоди Шуравӣ шахсе агар нафари мӯътамади КГБ намешуд, ба хориҷ барои таҳсили дарозмуддат намерафт, бахусус ба давлатҳои мусулмонӣ. Зиёда аз ин агар Тӯраҷонзода шахси мӯътамади КГБ намебуд, дар давлати зиддидинӣ ба баландтарин вазифаи динӣ намерасид. Солҳои 90-уми асри гузашта Эрон барои дар минтақа нуфуз пайдо кардан нақша дошт, ки аз мавқеи Тоҷикистон истифода намояд.  Тӯраҷонзода бошад, аз аввалинҳо шуда ҳамкории худро ба онҳо пешниҳод намуд. Ҷониби Эрон аз ин муздури хуби ботаҷриба истиқбол намуд. Хизмати хирсонаи ӯ ба кишвар он буд, ки ба охундҳои эронӣ маслиҳат дод, то даъвати шиъа кардани мардумро дар либоси ҳанафия пеш баранд. Эрониҳо вафодории Тӯраҷонзодаро ба назар гирифта, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ӯро бо наздиконаш чун муздури худ ба ҶИЭ бурданд ва паноҳгоҳ доданд. Вале чун оиди ҷосуси КГБ буданаш огоҳӣ доштанд, ба вай пурра боварӣ накарданд ва ҷосуси дигари худ Абдулло Раҳнаморо ба пайи вай гузоштанд. Сиёсати авомфиребонаи Тӯраҷонзода он аст, ки аз номи дин баромад мекунад.   Аммо одами ҳушёр медонад, ки вай замони шуравӣ ҷосуси КГБ буд. Вай доимо дар масъалаҳои Ғаззаву Ҳаммос баромад мекунад. Дигар чизе, ки боиси шубҳа аст, ин дороии зиёди моддӣ ва маблағҳои калони пулии Тӯраҷонзода аст. Зеро манбаи даромадаш номуайян аст. Тӯраҷонзода дар вақташ дасти холӣ аз Ватан фирор карда, баъди баргаштан маблағи калон дошт ва калонтарин заводу фабрикаҳоро аз худ кардааст. Яқин ин дороиашро ё хоҷаҳояш додаанд ё ҳаққи муҷоҳидону муҳоҷирони бенасиб аст. Тӯраҷонзода як шахси оддӣ ва омӣ нест. Ӯ ақл, хирад ва виҷдони сиёсатест, ки дар ниқоби дин бо шиорҳои гуногун ва сӯйиистифода аз ислом мехоҳад ҳукумат дошта бошад. Ҳукумат бар ақлҳои содда ва гумроҳ. Эшон бозингари хуби саҳнаи сиёсат аст. Гоҳо актёр аст, гоҳо режиссёр ва бештар таҳиягари саҳнаи сиёсӣ бо истифода аз маккорию шиорпардозии динӣ. Гоҳо муаллифи сенария ва режиссёр — ба саҳнагузорандаи театри лӯхтакро мемонад. Дар роли забони ӯ бародараш Эшони Нуриддин, дар роли қалами ӯ Додоҷон Атовуллоев, дар роли стратеги ӯ Абдулло Раҳнамо, дар роли дурӯғросткуни ӯ Мурватулло ва дигарҳо бозӣ мекунанд. Ӯ гоҳо рӯшод, гоҳо аз паси парда ба ин образҳо менигарад ва ба ҳоли онҳо механдад. Бо овози ширадораш «Аҳсант!!!» мегӯяд. Ин лӯхтакҳо гумон мекунанд, ки Тӯраҷонзода «Аҳсант» ба онҳо мегӯяд. На, ин тавр нест, ӯ «Аҳсант» ба ақлу маккории хеш мегӯяд. Ҳоло вақти он аст, ки лӯхтакҳо ҳам ҳушёр бошанд.      Муҳаммадсалими Раштӣ сокини ш. Душанбе «muhаmmаdsаlim@mаil.ru»    

Сентябрь 14, 2010 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад