ҚАРОРИ БЕНАЗОРАТ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо онҳое, ки аз хизмати микроавтобусҳои шаҳрӣ истифода мекунанд ё аз қарори раиси шаҳр бехабаранд ё худ ҳимматбаланданд, ки бақияи маблағашонро барои мусофиркашонӣ талаб намекунанд. Ҳамагон ҳаққи кирои мусофиркашониро дар микроавтобусҳои «Чанху», «Хафей», «Хундай» 1 сомонӣ ва дар мошинҳои тамғаи «ГАЗЕЛ» 70 дирам пардохт мекунанд. Ин нарх рӯзҳои якшанбе дар роҳи «Корвон» — «Султони Кабир» боз як карат аз тарафи ронандаҳо қиммат карда мешавад , вале касе намепурсад, ки чаро чунин аст? Агар пурсанд ҳам ҷавоби носазоеро аз ронанда хоҳанд шунид. Бинобар ин «Даҳони пӯшида ҳазор тилло»,- гуфта мусофирон хомӯширо авлотар медонанд. Оё пардохти роҳкиро чунин қабул шудаст? Не, чунин нест,- мегӯянд онҳое, ки аз қарор огаҳанд. Тибқи қарори шаҳрдории шаҳри Душанбе аз 27 –уми майи соли 2008 рақами 255 нарх дар нақлиёти мусофиркашонӣ, ки бо истифода аз бензин ҳаракат мекунанд, барои ҳар як мусофир 90 дирам ва барои нақлиёти бо гази моеъ ҳаракаткунанда 70 дирам муайян шуда то имрӯз тағйир наёфтааст,- иброз дошт ҷонишини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҷумъахон Давлатов ба мухбири АМИТ «Ховар». Пас, агар чунин аст назорати амалӣ шудани қарори шаҳрдориро кӣ ба дӯш дорад, то ҳам нарх ба низом дарояд ва ҳам ронанда маданияти хизмат карданро ёд гирад!








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






