ҲАМОИШИ ОМӮЗИШИ МЕЪЁРҲОИ РӮЗНОМАНИГОРӢ

Октябрь 13, 2010 14:23

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-15 октябри соли равон дар Институти бритониёии тафсири ҷанг ва сулҳ маросими муаррифии дастурамалҳои таълимӣ-амалӣ дар бораи рӯзноманигорӣ ва  робита бо ҷомеа баргузор мегардад. Дар ҳамоиш асосан се дастурамали комилан нав  пешкаши иштирокчиён  гардонида мешавад: «Коммуникатсияҳои самаранок», «Инъикоси ҳуқуқҳои инсон» ва «Дастурамал барои рӯзноманигорони маҳаллӣ дар манотиқи бӯҳронӣ таҳти унвони «Гузоришҳо ба хотири дигаргуниҳо», ки нахустин бор  ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Дар ин дастур асосан дар бораи меъёрҳои журналистикаи  байналмилалӣ навишта шудааст ва он роҳнамои хубест барои рӯзноманигорони ҷавон. Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш ба меъёрҳои журналистикаи байналмиллалӣ мутобиқ намудани фаъолияти рӯзноманигорони ватанӣ мебошад.  

Октябрь 13, 2010 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд