ҲИМОЯТ АЗ ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОН

Октябрь 18, 2010 16:39

Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти намояндагони Комиссияи доимии  Ассамблеяи байнипарлумонии  кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС  оид ба сиёсати иҷтимоӣ оғоз шуд.      Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ  Шукурҷон Зуҳуров  онро қадами устуворе  ҷиҳати тақвияти  ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ миёни ин кишварҳо арзёбӣ кард. Вай иброз дошт, ки  бояд Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС  дар ҳалли масъалаи вобаста ба муҳоҷирини меҳнатӣ  иқдоми ҷиддиро рӯи даст бигирад ва дар мавриди  ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ талошҳои муассирро анҷом диҳад. Хусусан Ш. Зуҳуров фароҳам овардани шароити  мусоиди кору зиндагӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои Русия ва Қазоқистонро афзалиятнок арзёбӣ кард.     Дар нишаст, котиби масъули Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоӣ Петр Зверов иброз дошт, ки баргузории нишаст дар кишвари офтобии Тоҷикистон  дар мавриди қабули қарорҳои вобаста ба ҳалли мушкилоти  байни кишварҳои аъзои он нақши муассир мегузорад.      Иштирокдорони нишаст масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва соири масоили муҳими равобити ҳасанаи кишварҳои аъзои ЕврАзЭС-ро баррасӣ карданд.

Октябрь 18, 2010 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд