82 ҲОДИСАИ НАҚЛИЁТӢ БО ИШТИРОКИ НОБОЛИҒОН
Қурғонтеппа, 25 октябр. (АМИТ "Ховар", Мурод Сотиев) — Аз 19 то 29 октябри соли ҷорӣ дар роҳҳои вилояти Хатлон амалиёт таҳти шиори «Бачагон» гузаронида мешавад. Бино ба гуфтаҳои нозири калони давлатии шӯъбаи тарғибот ва назорати Нозироти давлатии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов, амалиёт бо мақсади пешгирии садамаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки бачагон ва ноболиғон гузаронида мешавад. Дар чаҳорчӯби ин амалиёт вохӯриҳо дар мактабҳои таълимоти умумии вилоят низ доир мегарданд. Ҳамчунин, барномаҳои телевизионӣ бо иштироки бачагон омода мегарданд. Тибқи маълумоти нозироти давлатии вилояти Хатлон аз оғози сол дар Хатлон 310 садамаи нохуши нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 108 нафар ба ҳалокат расида, 235 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. 82 садамаи нохуши нақлиётии бо иштироки бачагон ва ноболиғон ба амал омада аз ин ҳисобанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






