82 ҲОДИСАИ НАҚЛИЁТӢ БО ИШТИРОКИ НОБОЛИҒОН

Октябрь 25, 2010 12:09

            Қурғонтеппа, 25  октябр. (АМИТ "Ховар", Мурод Сотиев)  — Аз 19 то 29 октябри соли ҷорӣ дар роҳҳои вилояти Хатлон амалиёт таҳти шиори «Бачагон» гузаронида мешавад.             Бино ба гуфтаҳои нозири калони давлатии шӯъбаи тарғибот ва назорати Нозироти давлатии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов, амалиёт бо мақсади пешгирии садамаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки бачагон ва ноболиғон гузаронида мешавад.          Дар чаҳорчӯби ин амалиёт вохӯриҳо дар мактабҳои таълимоти умумии вилоят низ доир мегарданд. Ҳамчунин, барномаҳои телевизионӣ бо иштироки бачагон омода мегарданд.              Тибқи маълумоти нозироти давлатии вилояти Хатлон аз оғози сол дар Хатлон 310 садамаи нохуши нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 108 нафар ба ҳалокат расида, 235 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.            82 садамаи нохуши нақлиётии бо иштироки бачагон ва ноболиғон ба амал омада аз ин ҳисобанд.

Октябрь 25, 2010 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар