АФЗОИШИ САРМОЯИ МУСТАКИМ БА ИКТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 26, 2010 13:53

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 лоиҳаи сармоягузории ҳукуматӣ татбик шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 1 миллиарду 913 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ, 26 октябр муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Саидқул Эшонқулов иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки лоиҳаҳои сармоягузории мазкур асосан аз 20 манбаъ маблағгузорӣ шуда, зиёда аз 16 соҳаи мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар бар мегиранд. Дар таркиби лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои қарзӣ — 74,74%, грантӣ — 14,83%, ҳиссаи Ҳукумати ҶТ – 7% ва ҷамоаҳо – 3,35% аст. Мавриди зикр аст, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 436 миллион сомонӣ сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишвар ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2010 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 31,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009-ум 18,2 миллион сомонӣ зиёд аст.  

Октябрь 26, 2010 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд