АНҶОМИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ РУСИЯ
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, 9 октябр ҳайати оркести асбобҳои халқии Русия бо роҳбарии Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Русия Дмитрий Дмитриенко ва сарояндагони Рӯзҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода сафари ҳунарӣ намуданд. Меҳмонон аз ҷониби сокинони шаҳри Турсунзода хуш қабул гардида, қабл аз оғози барномаи консертӣ ҷиҳати шиносоӣ бо ин шаҳри саноатӣ аз осорхонаи КВД «Алюминйи тоҷик» ва яке аз боғҳои калонтарини ангур дидан карданд. Таваҷҷӯҳи меҳмононро бештар ангурбоғҳои шаҳри Турсунзода ба худ ҷалб намуда, онро як мӯъҷиза хонданд. Ҳамчунин, дар назди меҳмонон ансамбли наврасони рубобнавози назди корхонаи алюминий ва ансамбли шашмақомхонони шӯъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода бо як барномаи хурди консертӣ ҳунарнамоӣ карданд, ки ҳар як асбоби мусиқӣ ва сурудҳои миллии тоҷикӣ диққати меҳмонони русиягиро ба худ ҷалб намуд. Роҳбари оркестри созҳои халқии Русия Дмитрий Дмитриенко пас аз барномаи консертӣ бо аҳли ҳунари тоҷик дар мавриди ҳар як асбоби мусиқӣ сӯҳбат доир кард. Бояд гуфт, ки барномаи консертии ҳунармандони рус дар Кохи фарҳанги шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардида, ҳар як баромади онҳоро мардум бо кафкӯбиҳои бардавом пешвоз гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки шоми 10-уми октябр Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ботантана ҷамъбаст гардида, субҳи имрӯз-11 октябр меҳмонон ба ватани хеш баргаштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






