АНДЕШАҲО НИСБАТИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ АДАБИЁТИ ДИНӢ»
Хабари омода гаштани лоиҳаи «Қонун дар бораи адабиёти динӣ»-ро шунидаму аз Худованди мутаъол шукргузорӣ намудам, ки билохира дуоҳоям дар ин бобат мустаҷоб гардиданд. Ин иқдоми бузургу бамаврид аст. Дар ҳақиқат, имрўзҳо чӣ дар бозор ва чӣ дар растаҳои китобфурўшии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ китобҳои дорои мўҳтавои динӣ фаровон гаштаанд, ки ағлаби онҳо мазмуни ғалат доранд. Солҳои охир «домуллоҳои аҷнабимаоб», ки зоҳири худро шабеҳи рўҳониён карда, дар маҷлису маъракаҳо бамавриду бемаврид аз гўру қиёмат ҷор мезананд, на танҳо афкори ҷомеаро бо ақоиди носаҳеҳи худ хароб месозанд, балки ояндаи мазҳаби муқаддасамонро ба заволу нобудӣ ва иштибоҳ мерасонанд. Як моҳ пеш дар бемористоне табобат мегирифтам. Ҳамроҳи ман пирамарде, ки тамоми умри худро бо омўзгорӣ сипарӣ кардааст, шикоят мекард, ки домодашро бо ҷурми узвияташ дар кадом ҳизби ифротгаро, ба маҳкама кашидаанд. Пирамард мегуфт, ки қаблан домодаш дар нуқтаи савдое ба тиҷорат машғул будааст. Якбора тағйири сурат намуда, бо атрофиён муносибати худро дигар сохта, нисбати намозгузории аҳли байти худ эродҳо мегирифтааст. Аҳли байташ, аз ҷумла, духтари эшон, чун саводи казоии динӣ надоштаанд, гуфтаҳои ўро ба инобат гирифта, ба он равия пайвастаанд. Ҳатто он банда тамоми бозичаҳои атфолашро ба ҷинҳо мутааллиқ дониста, аз хона берун андохтааст. Як оилаи комил пурра ба мазҳаби он шахс гаравида, ақоиди хешро тағйир додаанд. Инак, имрўз духтараш бо 6 фарзандаш танҳо бори зиндагиашро пеш мебарад. Пирамард, чун маро ходими ин соҳа шинохт, нисбати ман эроди ҷиддӣ гирифт, ки чаро шумо пеши роҳи чунин бесарусомониҳоро намегиред? Чаро пеши роҳи интишор ва ворид шудани адабиёти динии иртиҷоӣ ва ғалату гумроҳкунандаро намегиред? Ў бо эҳсосот мегуфт, оё ашхосе, ки хостори азбаркунии донишҳои динӣ мегарданд, чӣ гуна адабиёти дурусти диниро интихоб намоянд? Шумо бояд тафовути «хуб» -у «бад»-ро ба мардум фаҳмонед… «Дар даврони Шўравӣ падари ман ҳам намоз мехонд, худотарс буд. То имрўз ҷанги кофару мусалмонро шунида будам, лекин боре ҳам аз даҳонаш нашунида будам, ки мусалмон мусалмонро ба қатл расонад…». Тайи чанд рўзе, ки ман бистарӣ будам, эродҳои ўро пурра пазируфтам, зеро ў ҳақ буд, бо эшон аз боби дину мазҳаб сўҳбатҳо мекардем. Гумон мекунам, маҳз ҷорӣ намудани ҷарима садди роҳи баъзе ашхоси худобехабар, ки ақоиди иртиҷоии хешро тавассути китобҳои фиребандаи динӣ паҳн карданианд, гирифта, «мусалмонон»-и зархариди моро заковатманд месозад. Иншоаллоҳ, қонуни мазкур аз ҷониби давлат қабул гардида, маърифату хиради исломии ҳамватанонамонро афзун мегардонад. Шамсиддини Холиқзода — мутахассиси соҳаи дин








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






