АНДОЗАИ МИЁНАИ МУЗДИ МЕҲНАТ 20,8 ФОИЗ ЗИЁД ШУД

Октябрь 19, 2010 09:00

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, дар натиҷаи татбиқи стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҶТ сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ тамоюли устувори пастшавиро касб намуда,  охири соли 2009 сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то 46 фоиз коҳиш ёфт.    Дар натиҷаи як қатор тадбирҳои андешидаи  Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоюли афзоиши устувори андозаи музди миёнаи меҳнати кормандон таъмин  шуда, ба ҳолати 1 –уми августи соли ҷорӣ аз 285 сомонӣ (дар соли 2009) ба 345 сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20, 8 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла,  музди миёнаи меҳнати кормандон дар вилояи Суғд аз 203 ба 249 сомонӣ, дар вилояти Хатлон аз 196 ба-226, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 294 ба -341, дар ВМКБ аз 242 ба -319 ва дар шаҳри Душанбе аз 530 ба 671 сомонӣ расонида шудааст.    М. Маҳмада минов вобаста ба беҳ шудани вазъи нафақа ва зиёд шудани шумораи нафақагирон дар конфронси матбуотӣ изҳор намуд, ки ба ҳолати 1 –уми июли соли 2010 дар ҷумҳурӣ теъдоди умумии нафақагирон 526 ҳазору 381 нафарро ташкил дод, ки маблағи умумии якмоҳаи нафақапулиҳо 52 млн. 814 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.    Дар 3 соли охир теъдоди нафақагирон 35 ҳазору 604 нафар зиёд гардидааст, ки талаботи якмоҳаи нафақапулӣ 52 млн. 814 ҳазор сомониро дар бар мегирад.  

Октябрь 19, 2010 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад